GALLUP: ТОҶИКОН БЕШТАР ВОБАСТАИ ПУЛИ МУҲОҶИРАТАНД
Натоиҷи назарсанҷии тозаи Gallup, як маркази пажӯҳишии омрикоӣ, ҳокист, ки ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз пайвандони муҳоҷири худ дар хориҷ аз кишвар маблағ дарёфт мекунанд. Маркази Gallup ин Клик назарсанҷиро дар соли 2009 дар миёни беш аз 13 ҳазор нафар аз шаҳрвандони 12 кишвари узви Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд анҷом додааст.
Ин марказ мегӯяд, ки Тоҷикистон дар феҳристи ин кишварҳо аз лиҳози муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш ба хориҷ аз кишвар ва вобастагии атбоъаш ба пули муҳоҷирон мақоми аввалро касб кардааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, 24 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз хешовандони худ дар хориҷ аз ин кишвар пул дарёфт мекунанд. Ҷойгоҳи дувумро дар ин замина Мулдовӣ ва севумро Қирғизистон ба худ ихтисос додаанд.
Аммо Ҳафиз Бобоёров, ҷомеъашинос ва узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар дақиқ будани ин омор тардид дорад. Вай натоиҷи ин назарсанҷиро камтар аз воқеъият медонад. Ба гуфтаи вай, номушаххасии теъдоди дақиқи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия ва соири кишварҳои ҷаҳон дар арзёбии теъдоди хонаводаҳое, ки аз хориҷ сармоя дарёфт мекунанд, таъсир мегузорад.
Оқои Бобоёров меафзояд: "Ба назари ман, аз рӯйи мушоҳидаҳое, ки дар ҷомеъа мекунам, ҳар дувум ё каме бештар аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармояе зиндагӣ мекунанд, ки аз хориҷ ба онҳо фиристода мешавад."
Ин ҷомеъашиноси тоҷик мегӯяд бар асоси оморе, ки дар расонаҳои Русия ахиран пахш шуда, дар тӯли як даҳсолаи ахир ҳудуди панҷсад ҳазор муҳоҷири тоҷик шаҳрвандии он кишварро дарёфт кардаанд ва дигар муҳоҷир маҳсуб намешаванд.
Оқои Бобоёров афзуд: "Бо дарназардошти ин ки расман дар соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирон танҳо дар Русия дар ҳудуди ҳафтсад ҳазор нафар эълом мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ даҳҳо тоҷикистонӣ машғули кор ҳастанд, метавон гуфт, ки беш аз як милюну панҷсад ҳазор муҳоҷир, бо шумули онҳое, ки тобеъияти Русияро қабул кардаанд, аз Тоҷикистон дар хориҷа ҳастанд."
Саъодат Нуралиева, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки аз шаш сол пеш ба ин сӯй бо кумаки молии Зафарҷон, фарзанди хурдияш, ки дар Русия машғули кор аст, рӯзгорашро таъмин мекунад. Вай афзуд: "Писарам дар 20-солагӣ ба Русия рафт ва аз он замон танҳо як бор ба Тоҷикистон омад. Мехост дар кишвараш кор кунад, вале бо ҳуқуқи хуб ҳеҷ шуғлеро пайдо накард ва дубора ба Русия бозгашт. Аз се сол пеш бад-ин сӯй ба Душанбе наомадааст."
Саъодатбону афзуд, ки бархе авқот дар ин ду сол ба сабаби бӯҳрон фарзандаш ба онҳо пул намефиристод. Аммо ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ аъзои хонаводаи онҳо, ки аз ҳафт нафар иборат аст, бо он пуле, ки Зафар ба онҳо мефиристад, ба сар мебаранд. Бар асоси иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2010 муҳоҷирони тоҷик ба ватан беш аз 868 милюн дулор сармоя интиқол додаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузашта 24 дар сад афзоишро нишон медиҳад.
Дар соли 2009 муҳоҷирон барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ аз тариқи бонкҳо беш аз ду милёрд дулорро ба Тоҷикистон интиқол дода буданд. Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон низ пештар гуфта буд маболиғе, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, тақрибан муъодили панҷоҳ дарсади тавлидоти нохолиси дохилии ин кишвар аст.
Дар назарсанҷии маркази Gallup дар бораи кишварҳои ҳамсуд мутолеъаи тамоюлоти шаҳрвандон ба тарки ватанашон ба сурати муваққат барои дарёфти кор, тарки ватан барои таҳсил дар хориҷа ва тарки ватан барои зиндагии доимӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар меҳвар қарор гирифтааст.
Натоиҷи ин мутолеъа ҳокист, ки дар Тоҷикистон 28 дарсади пурсидашудагон мехоҳанд барои дарёфти кор муваққатан ба хориҷа муҳоҷират кунанд, 25 дарсад мехоҳанд барои таҳсил ба хориҷа раванд ва танҳо 9 дарсад мехоҳанд ба таври доимӣ ин кишварро тарк кунанд.
Ба ин тартиб, ҳарчанд Тоҷикистон шумори бештари шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир шудаанд ва зиндагии бахши аъзаме аз ҷамъияташ вобастаи пули муҳоҷирон аст, вале тамоюл ба тарки ин кишвар ба сурати доимӣ дар миёни мардумаш нисбатан камтар аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2842-gallup-----.html