06:51:52 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШАҲД ВА ТАЛХКОМИҲОИ МАРДИКОРӢ

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Аҳмадшоҳи Султон дар ин маводи худ, ки бо усули мултимедиа ё худ чандрасонаӣ омода сохтааст, талош кардааст, ки дар мисоли  зиндагонии мардуми як деҳаи Тоҷикистони азиз бурду бохти муҳоҷирати меҳнатиро аз нигоҳи хеш мунъакис намояд.

gastarbayteryМуҳоҷирати меҳнатӣ падидае нест, ки дар таърихи башарият танҳо дар ин чанд соли ахир буруз карда бошад. Аз замонҳои хеле қадим инсон ба хотири обод кардани рӯзгори хонавода ва як гӯшаи диёри худ зодгоҳ ва ё Ватани бобоии хешро тарк намуда, барои чанд муддати муайяне мулкҳои дуру наздикро ҷойи кору зисти худ қарор медиҳад.

Сабабҳои ба кишварҳои бегона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани одамон мухталифанд. Қабл аз ҳама  омили асосӣ ин аст, ки  мардум ба сабаби набудани ҷойи кори мувофиқ ва маошаш барои рӯзгор басанда рахти сафар мебанданд. Набудани суботу амният дар кишвар низ яке аз омилҳои муҳимест, ки боиси ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисме аз аҳолии кишвар мегардад. Дар мамлакати  мо, шукри Худо, ки амнияту субот инак беш аз 10 сол аст, ки барқарор аст.

Вале ба сабаби он ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аксарияти корхонаҳои саноатии кишвар вайрону валангор гардида, бархе аз онҳо баъди хусусигардонӣ, аз беаҳамиятии соҳибонашон аз кор мондаанд ва соҳаи хоҷагии қишлоқ низ асосан ба ҳамин иллат таназзул кардааст, мардум дигар аз ҷойҳои кории хеш маҳрум шуда, барои пеш бурдани рӯзгори хонавода ноилоҷ роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегиранд.

Деҳаи «Ленинобод»-и ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон яке аз деҳаҳои начандон калони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад Мардуми ин деҳа тақрибан шаст –ҳафтод сол муқаддам асосан аз кӯҳистони водии Вахё муҳоҷир шуда ба ин ҷо омадаанд. Он замон ин макон ҷангалзору биёбон буд. Дар ин бора раиси хоҷагии деҳқонии «Сангвор» Ҳурматулло Раҳматуллоев чунин мегӯяд:

«Ду бригаде, ки ҳозир  хоҷагии деҳқонии якто шуда кор мекунанд, 300 гектар заминда пахта мекориданд даври шӯравида. Аз ҳамин 300 гектар соле мешуд, ки 800-900 тонна пахтаи маҳинннах мегирифтанд. Ҳозир шароите шудааст, ки мана ҳамин заминро дар дасти мардум додем. Мардум аз дасташон ҳичи намеояд. Дар замин аз сабаби техника нест ва шароити коркард надорад заминро аз ӯҳдаш баромада наметавонанд. Ба ҳамин сабабҳо мардум ҳозир дигар дар замин кам кор мекунад. Ҳама рӯ ба ҳамин муҳоҷирати меҳнатӣ овардаанд».

Хонаводаи бобои Ҷаббор Ҷалолов аз ҷумлаи он оилаҳои мебошад, ки бо вуҷуди ба қадри кофӣ техникаи корӣ ва замини обшор доштан, боз ҳам бештар аз дигарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ намоянда дорад:

«Шукри Худо, ки панҷ писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст, 4-и дигараш дар ҳамин ҷо кору фаъолият карда истодаанд, фарзандонам дар давлати Русия, дар шаҳри Маскав ба корҳои сохтумонӣ машғуланд. Дар шаҳри Алмато будагиҳояшон бо корҳои сохтумонӣ, прораб ва дигариш бошад одами техникӣ ҳаст (дар  СТО) стансияи хизматрасонии автомобилҳо, мошинҳои хориҷиро (ҳамчун устои моторист) кор мекунад. Хеле аз корҳояшон мо хурсанд ҳастем».

Бобои Ҷаббор чанд сол муқаддам як осиёб ва як обҷувоз дошт. Аз хизмати осиёбу обҷувози ӯ мардуми гирду атроф васеъ  истифода мебурданд. Аз ӯ пурсон мешавем, ки осиёбу обҷувозаш дар чӣ вазъ қарор доранд?

«Ин овҷувози бобигии моҳам аз кор монд ва ҳозир дар фикри он ҳастам, ки як сехи қаннодӣ барои ҳамин бачаҳову набераҳо созам. Чунин сех дар қишлоқи мо вуҷуд надорад ва касе дар фикраш ҳам нест. Барои ҳамин ёрдами бачаҳо дар кор аст. Бе ёрдами онҳо ин кор намешавад».

Раиси хоҷагии деҳқонии «Сангвор» Ҳурматулло Раҳматуллоев: «Ҳозир дар хоҷагии қишлоқи мо аниқ 1500  аҳолӣ мебошад. Аз ҳамин 1500 аҳолӣ 217 хонавода ҳаст ва аз ҳамин 217 хонавода қариб 100 мардинаи ҳамин дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бисёри ҳамин ҳаст, ки се солу чор сол рафтагиасту на хонаву дарашро нигоҳбини мекунаду на маблағ ройӣ мекунад. Дар ин ҷо зан ва фарзанд доранд, ки ба ҳамин сабабҳо оилае ҳаст, ки вайрон мешавад».

Зевари панҷсола ҳанӯз дар батни модар буд, ки падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Инак ӯ сухандону шеърхон шуда бошад ҳам, навозиши гарми падариро то ба имрӯз надидааст ва сабабашро ӯ ба таври худ шарҳ медиҳад:

Ҷулидуму ҷулидум баҳор шуд,

И авои мун куҷо шуд?

Урусора ӯ  гурмуш мекуна,

Ай муну очаму акам фаромӯш мекуна.

Директори мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 2-и ноҳия Ҳоҷарбегим Қурбонмамадова  бар ин назар аст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ агар ба шароити иқтисодии  кӯдакону наврасон таъсири мусбат расонда бошад ҳам, вале, мутаассифона, таъсири манфии он  ба ҷараёни таълиму тарбия бештар аст:

 «Манфигии муҳоҷиратро дар таълим  мо дар он мебинем, ки тарбияи падар намерасад дар оила. Вақте, ки тарбияи падар намерасад дар оила гуё, ки як чизи асосӣ нест дар оила. Ҳастанд оилаҳое, ки инҷо омада бо панҷ шаш кӯдак зану фарзандонашро партофта ба хориҷа мераванд ва дар онҷо аз сари нав оиладор мешаванд. Вақте, ки дар он ҷо оиладор шуданд, занҳои дигар давлатҳо намемонанд, ки ба зани қишлоқие, ки дар қишлоқ соҳиби панҷ кӯдак ҳастанд, ба онҳоро маблағ равон кунад. Ана мард мемонад дар мобайни дуроҳаи зиндагӣ. Мешавад оила оҳиста -оҳиста вайрон. Ана ҳамин гуна оилаҳо ҳастанд дар мо».

Муаллими Ҷаббор Раҷабов бар ин назар аст, ки ҳавову хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ҳанӯз дар хонандагони синфҳои болоӣ  ҳини таҳсил дар мактаби миёна пайдо мешавад. Ин бошад ба ҷараёни дарсазхудкунии онҳо бетаъсир намемонад:

«Ҷавонон бештар ба ҷой он ки ҳамаи диққати худро ба омӯзиши илму дониш диҳанд ё касбу ҳунаромӯзӣ сафарбар кунанд, онҳо дар фикру хаёли ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ҳастанд. Онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан аз омӯзишӣ касбу ҳунар илму дониш қафо мемонанд. Бояд як чорабинии махсусе ташкил кардан даркораст. Ҳамон ҷавононе ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар ё равона карда шаванд, ки вай аллакай соҳиби касбу ҳунар мебошанд».

Ҷавононе, ки акнун шаҳду талхиҳои раванди муҳоҷирати меҳнатиро чашидаанд, бештар аз ҳама аз надонистани забони русӣ афсӯс мехӯранд. Шодибек Миралиев ҳамагӣ як ҳафта мешавад, ки аз вилояти Екатеринбурги Русия ба Ватан баргаштааст. Ӯ дар ин хусус мегӯяд:

«Мисол дар онҷо забони русиро донистан хуб аст. Вакте, ки забони русиро намедонӣ рафта бо ӯ русҳо чӣ гуна муошират мекунӣ? Дар онҷо тоҷикҳое ҳастанд, ки забони русиро хуб медонанд, аммо миёнарав шуда, рафта дар ҳар як кор, мисол агар ҳар як кора ду се ҳазор гӯянд, нисфашро ба ту медиҳанду нисфи дигар дар кисай хеш мезананд. Барои ҳамин агар забони русиро хуб донӣ рафта қати ҳаму соҳиби кор, соҳиби хона гапзанон кунӣ соҳиби хона сума дар худат диҳад у хубтар аст».

Симои деҳаи «Ленинобод» бешак дар ин даҳ соли ахир ба куллӣ тағйир хӯрдааст. Мардум бо он маблағе, ки пайвандонашон аз муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристанд, рӯзгори худро торафт ободу хуррам мегардонанд. Хонаву манзилҳои истиқоматии барҳаво месозанд, соҳиби мошинҳои сабукрав ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ мешаванд. Ба бизнесу тиҷорат машғул мегарданд.

Дар баробари ин онҳое, ки пайвандонашон дар муҳоҷирати меҳнатианд, аз вазъи кору зиндагонии онҳо дар мулкҳои бегона ҳамеша дар ташвишу дар изтиробанд. Гаронтарин вазне, ки ба дӯши аҳли ин деҳа муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин панҷ соли ахир бор кардааст, ин тобути се ҷавонмарди нобишкастаармонаст, ки аз хориҷи  кишвар ба ин ҷо интиқол дода шудааст.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябри соли 2006 таҳти рақами 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ карда шуда, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шуд. Мутобиқи Фармони мазкур дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҶТ 20 феврали соли 2007 Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд.

Маҳбуба Гулова- ҳуқуқшинос-мушовири калони шӯъбаи маълумоти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналхалқии Хадамоти муҳоҷират дар бораи бурду бохти  муҳоҷирати меҳнатӣ чунин назар дорад:

«Муҳоҷирати меҳнатӣ барои рушду такомули иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Пеш аз ҳама муҳоҷироне меҳнатие, ки ба хориҷа сафар намуда, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мшаванд, таҷрибаи зиёд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба монанди сохтмон, меморӣ, техникаҳои ҳозиразамон ба даст меоранд, ки онҳо омада дар Ватан албатта ин таҷрибаи худро истифода мебаранд. Яъне мутахассиси баландпоя, соҳибтаҷриба мегарданд.

Дуюм маблағе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст меоранд, барои соҳибкории хурду миёна, яъне барои ободонии кишвар равона карда мешаванд. Паҳлӯҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ин дур шудан аз асли хеш, яъне гум кардани урфу одат, издивоҷ намудан дар хориҷи кишвар ва барнагаштан ба Ватан мебошад».

Дурустар ва амиқтар омӯхтани паҳлӯҳои мусбат ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ ба мо имкон медиҳад, ки камбудиву норасогиҳои вуҷуддоштаро дар ин самт ҳарчӣ тезтар ошкор карда, корро дар асоси нақшаҳои воқеъбинона ва дурандешона таҳияшуда ба роҳ монем. Бикӯшем, ки комёбиҳоро ҳарчӣ бештар кунему ба нокомиҳо ҳарчи камтар мувоҷеҳ шавем. Он гоҳ муҳоҷирати меҳнатиро шаҳдҳо аз талхкомиҳо дида боз ҳам бештар хоҳад буд.

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.05.2011 14:18
ЗИНДАГИ АНДАР МАКОНИ ДИГАРОН.МЕДИХАД БАР БОД УМРАМ ЧУН ХАЗОН.ТО ТАВОНИ ЗИСТ КУН ДАР МЕХАНАТ.ТО БИМОН АЗ АЗОБХО ДАР АМОН!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi