11:33:07 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даргузашти академик Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров, академики тоҷик ва раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон дар сини 88 солагӣ аз беморӣ даргузашт.

hamid-mansurov_6554456Файзулло Бобоев, ёвари раиси Академияи улуми Тоҷикистон душанбеи  26-уми август зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки  «Академик Мансуров соати 15-00 дақиқаи рӯзи якшанбе дар манзилашон дар маркази шаҳри Душанбе даргузаштанд». Ба таъкиди ҷаноби Бобоев, академик Мансуров тайи ду моҳи охир аз беморӣ ранҷ мебурданд ва натавонистанд дар ин муддат ба қабули беморон дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ машғул шаванд.

Маросими видоъ бо академик Ҳамид Мансуров соати 10-и субҳи имрӯз, душанбеи 26-уми август дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ҷасади вайро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд. Дар маросими видоъ бо академек Мансуров, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, Академияи улум, аҳли илму фарҳанги кишвар ширкат доштанд.

Зимнан, Ҳамид Мансуров соли 1925 таввалуд шуда мактаби миёна ва Донишгоҳи тиббиро дар шаҳри Самарқанд хатм кардааст. Солҳои 1947 то 1950 аспирант ё унвонҷӯи Академияи улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.

Пас аз дифои рисолаи номзадӣ фаъолияти кориро дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намуда ва дар соли 1958 рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1961 барандаи ҷоизаи ба номи Ленин мешавад. Соли 1962  Институти гастроэнтеролгияро таъсис ва роҳбарии онро бар дӯш мегирад.

Дар даҳҳо конфронсу нишастҳои байнулмилалӣ дар Амрико, Бритониё, Маҷористон, Булғористон, Лаҳистон, Олмон, Русия ва ғайра ширкат ва суханронӣ  кардааст. Соли 1981 барои саҳми бузург дар илми тиб барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Сино мешавад.

Соли 1976 узви вобаста ва соли 1978 академики Аадемияи Улуми Тоҷикистон интихоб мегардад. Осори илмии ӯ дар садҳо забони дунё мунташир шудааст. Ҳоло раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон аст. Соҳиби  чаҳор писар ва як духтар аст.

Аёми наврасӣ ва ҷавонии Ҳамид Мансуров дар хонаводаи  Устод Садриддин Айнӣ гузашта дар тарбияи Устод айнӣ ба воя расидааст. Ҳамид Мансуров дар як суҳбати хос бо радиои Озодӣ аз он рӯзҳо чунин ёдоварӣ карда буд: «Он кас ба ман чун падар рафтор мекарданд. Ҳатто як рӯз худашон гуфтанд, ки Абдуҳамид чӣ мешуд, ки агар фамилияи Айниро гирӣ? Ман гуфтам акнун барои ин гапҳо дер шуд. Ман алакай табиби машҳур, одамҳо мешиносанд, биёед монед. Вақте ман институтро хатм кардам, он кас як мактуб ба роҳбарияти кишвар навиштанд…».

Ҳамид Мансуров дар тули умир худ дар улуми тибби Тоҷикистон талошҳои зиёд ба харҷ дода ва аз худ 700 кори илмӣ ва 12 китоб боқӣ гузошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi