10:52:31 19-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти роҳбарони хадамоти консулии Тоҷикистону Русия

28 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи XXXII-и Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мулоқоти кории Баҳодур Сафарзода — сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Алексей Климов — директори Департаменти консулии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия баргузор гардид.

1 khadamoti konsuli 65322154Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами консулӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими муносибатҳои консулӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҳалли масъалаҳои марбут ба шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъкид намуданд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ