05:39:18 03-уми Июни 2025 сол

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо – Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати баландпояи вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Синзян ва Котиби шаҳри Урумчӣ муҳтарам ҷаноби Ҷан Жу баргузор гардид.

5 vokhurii vazir 23655421Дар ҳайати иштирокчиён инчунин намояндагони мақомоти давлатии вилоят ва шаҳри Урумчӣ, мутахассисони соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, савдо ва саноат, инчунин роҳбарони ширкатҳои машҳур оид ба бахшҳои технологияи зеҳни сунъӣ, канданиҳои фоиданок, энергияи сабз, коркарди маъдан, нассоҷӣ, саноати химия, муҳити зист, хизматрасониҳои марбут ба рақамсозӣ ва тиҷорати байналмилалӣ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти мухтори Синзян - Уйғурро дар самтҳои афзалиятноки саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ, инфрасохтор ва логистика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан баланд баромаданд, ки Синзян ҳамчун минтақаи наздисарҳадӣ ва пул байни Тоҷикистон ва Чин аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон Завқизода З. А. имкониятҳои бузурги сармоягузориву тиҷоратии кишварро муаррифӣ намуда, даъват ба амал овард, ки дар соҳаҳои афзалиятноки нассоҷӣ, энергияи сабз, металургӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, паркҳои технологияи иттилоотию комуникатсионӣ, марказҳои логистикӣ, фармасевтӣ, сайёҳӣ, таҷдиди гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» корхонаву лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ҷалби технологияву сармояи чинӣ татбиқ карда шаванд.

Ҷаноби Ҷан Жу суръати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоди сабз, саноат ва содирот баланд арзёбӣ намуда, қайд кард, ки минтақаи Синзян омода аст бо ҷониби Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои «Як камарбанд – як роҳ» ва дигар заминаҳои ҳамкории минтақавӣ робитаҳоро ба сатҳи нав барорад.

Дар вохӯрӣ намояндагони бахши хусусии Чин пешниҳодҳои мушаххасро оид ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак, равона намудани сармоягузорӣ ба бахшҳои коркард ва истифодаи технологияҳои нав, мусоидат ба тиҷорати сарҳадӣ ва рушди логистика манзур намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади пайгирии натиҷаҳои бадастомада ҳамкориҳоро тавассути ниҳодҳои марбута ва бахши хусусӣ дар самти амалӣ гардондани лоиҳаҳои стратегӣ тақвият медиҳанд.

www.medt.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854