14:42:07 09-уми Июни 2025 сол

Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»

«Об манбаи асосии ҳаёт дар рӯйи Замин аст. Он ба устувории муҳити зист, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисод ва ҳамкории мутақобилан судманди байни давлатҳо таъсири калон дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот, об ба як захираи стратегӣ табдил ёфтааст. Идоракунии самараноки он бояд дар асоси илм ҷараён гирад ва манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа ба назар гирифта шавад»,- чунин иброз дошт дар суҳбат бо мо муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш.

1 sharifa khudabakhsh 32655412Ба гуфтаи Шарифа Худобахш, Тоҷикистон беш аз нисфи оби ҳавзаи баҳри Аралро (тақрибан 64 километри мукааб дар як сол) таъмин мекунад. Манбаи асосии он пиряхҳо мебошанд, ки ҳоло бо суръат об мешаванд. Агар тадбирҳои зарурӣ андешида нашавад, дар оянда оби рӯдҳои Амударё ва Сирдарё метавонад то 40% коҳиш ёбад.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки бояд марказҳои мушоҳидаи пиряхҳо таъсис ёбанд, мутахассисон омӯзонида шаванд ва маълумоти илмӣ ба стратегияҳои рушд ворид гарданд.

«Афзоиши аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва саноат низ ба об талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои идора намудан захираҳои об илм ва маълумоти дақиқ нақши муҳим дорад. Бе маълумоти аниқ дар бораи пиряхҳо, барф ва яхбандӣ пешгӯии миқдори об душвор аст, махсусан дар мавсимҳои хушк, ки талабот ба он бештар мешавад»,- афзуд Шарифа Худобахш.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шарифа Худобахш, тадқиқоти криосфера (яъне омӯзиши пиряхҳо, барф ва дигар шаклҳои ях) бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид шавад.

Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, пеш аз ҳама ҷамъ овардани дониш, технология ва захираҳо барои ҳифзи манбаи асосии об мебошад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854