18:49:47 30-уми Майи 2025 сол

Ҷаласаи Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ

28 майи соли 2025 дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби тоҷикистонӣ ҷаласаи XXXII-и Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

2 khadamoti konsuli 65322154Дар нишаст инчунин намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён масъалаҳои иҷрои муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 сурат гирифт. Дар ин замина, дурнамои гузариш ба формати электронӣ дар хизматрасонии консулӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронии шахсони мансабдори мақомоти дахлдори кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854