21:21:22 04-уми Июни 2025 сол

Лату куби як масъули ҳукумати Восеъ бо шавҳараш

Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шӯъбаи рушди иқтисоди ҳукумати ноҳияи Восеъ ҳамроҳ бо шавҳараш шаби 12-ум ба 13-уми сентябр мавриди лату куби афроди ношинос қарор гирифтанд.

qurbonbi-niyozova-45785Ин зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ ҳастанд. Ҳайдар Муродов, шавҳари Қурбонби Ниёзова, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки "соатҳои 3 бомдод, ҳангоме, ки мо хоб будем, ду нафар ниқобпуш аз тариқи тиреза ворид хонаи хоб шуданд ва ману хонумамро лату куб карданд."

Вай мегуяд, афроди ниқобпуш "ба сару рӯй ва бадани мо аз олоте, ки ба оҳан шабоҳат дошт заданд, ки ҳануз ҳам дарди он нарафтааст".

Ҳайдар Муродов меафзояд, ки пас аз он ки мо доду фарёд задем, афроди ниқобпуш ру ба гурез шуданд, аммо ҳеҷ чизеро аз манзил ба яғмо набурдаанд.

Дар ҳамин ҳол пулис ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст, аммо то кунун омилони ин ҳамла ва сабабҳои он маълум нашудааст. Қурбонбӣ Ниёзова, муддати ду соли ахир аст, ки дар вазифаи раиси шӯъбаи рушди иқтисодӣ дар ҳукумати ноҳияи Восеъ кор мекнад.

Қабл аз ин хонум Ниёзова муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар умури фарҳанг будааст. Қурбонбӣ Ниёзова дар миёни мардуми ноҳия ба унвони зани фаъолу кордида ва ботаҷриба шинохта мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854