00:00:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров дар Маскав

Шоми 11 октябр Маркази омӯзиши осори Лев Толстой, воқеъ дар шаҳри Маскав шаби эҷодии адиби шуҳратманд ва нависандаи оламшумули тоҷик Темур Зулфиқоровро бо ширкати ҷамъе аз ҳаводорони осораш, намояндагони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, созмонҳои тоҷикон, аҳли фарҳанг ва адабиёти рус ва муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

temur-zulfiqorov-4857Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Маскав Соҳибёри Толиб хабар дод. Бино ба иттилоъи манбаъ ин маҳфили хотирмони адабӣ бо ташаббуси роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар пойтахти давлати Русия Хуршеда Ҳамроқулова доир шуд. Шаби эҷодӣ бештар бо посух гуфтан ба суолхои хонандагон сурат гирифт ва пурсишҳое дар хусуси дидгоҳи сиёсии нависанда қисмати баҳсбарангез ва шавқовари маҳфил буд.

Тимур Зулфикоров дар посухи як суоле давлатдориро ба идора намудани киштии бузурге ташбеҳ дод ва гуфт, агар нохудои киштӣ ва ҳайаташ аз кори худ ноогоҳ бошанд, киштиро бо саворагонаш ғарқ мекунанд. "Давлати Тоҷикистон мисоли киштие дар иҳотаи наҳангҳои бузурге ҳаракат мекунад. Эрон, Чин, Амрико, Туркия, Русия ва дигар кишварҳое мисли наҳангҳои бузург ба суръати киштии давлатдории мо таъсир гузошта истодаанд.

Мехохам, роҳбарон ба мисли нохудои худогоҳ дар миёни наҳангҳои бузурги ҷаҳон тавонад, ки давлатро мисоли киштие бехатар ҳаракат диҳад. Ман тез-тез ба Тоҷикистон меравам ва мебинам, ки тағйирот ва ҳаракате дида мешавад",-гуфтааст нависандаи оламшумул.

Темур Зурфиқоров то имрӯз ягона адиби тоҷик аст, ки бо талошҳои адибони рус ду маротиба номзад ба ҷоизаи ҷахонии Нобел буд. Аммо далели натиҷаи мусбат надодани ин талошҳоро баъзе аз адибони рус дар тобиши сиёсии асарҳои Зулфиқоров медонанад. Ба қавли рӯзноманигори шинохтаи рус Владимир Бондаренко "дар эътои ҷоизаҳои адабии Нобел омили сиёсӣ низ ҳамеша нақш дошт ва як далели аслии то имрӯз ба ин ҷоиза ноил нашудани Зулфиқоров ҳам ин аст, ки на ӯ ва на шеъраш сиёсатзада нестанд".



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi