03:35:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷоизаи байналмилалии олими тоҷик

Додихудо Саймуддинов, донишманди шинохтаи тоҷик ба дарёфти ҷоизаи байналмилалии "Манучеҳри Фарҳангӣ" мушарраф гардидааст. 10-уми январи соли равон дар ҷараёни ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷоиза дар ҳузури олимону донишмандони кишвар ба олими варзида тақдим шудааст. 

dodikhudo-saymuddinov-45458Додихудо Саймуддинов аз ҷумлаи олимони шинохтаи кишвар аст, ки дар риштаи забоншиносӣ таҳқиқоти ва пажуҳишҳои гаронмоя кардааст. Замоне, ки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот буд, пурбаҳстарин масъалаҳои забоншиносиро ба риштаи қонун кашид, ҳамзамон аз ташаббускорони ҳатмӣ кардани донистани забони давлатӣ барои вакилони Маҷлис ва аъзои ҳукумати кишвар буд.

Профессор Манучеҳри Фарҳангӣ шахсияти варзида ва донишманди пуркор ба шумор мерафт, ки дар литсейҳои байналмилалии Испания мудирӣ мекард. Ташаббускори ҷоизае таҳти унвони "Манучеҳри Фарҳангӣ" писари олим Ромин Фарҳангӣ буд. Ин ҷоиза ҳамасола барои пажуҳишҳои нодири илмӣ дар риштаи осори таърихӣ, забонҳои бостон ва миёнаи эронӣ, фарҳанги гузашта эъто мегардад. 

Соли 2013 ба ин ҷоиза донишмандону сиёсатмадороне, чун Носирҷон Салимов, Низомиддин Зоҳидов, Ғиёсов, Акбар Турсон ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мушарраф гардида буданд.

«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi