Нахустин филми тасвирии формати 3D бо ҳудудан 60 ҳазор доллар рӯи кор омадааст
Синамогарони тоҷик аввалин филми тасвирии худро дар формати 3D бо сарфи 60 ҳазор доллари амрикоӣ рӯи кор овардаанд.
Дар ин бора сужаи лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ - Матриса маълумот додааст. Муаллифони филм нақл кардаанд, ки ин филми тасвириро се нафар дар муддати якуним сол тавлид кардаанд. Аммо бо ҳамин сужа филми тасвирии формати 3D-ро дар дилхоҳ кишвари хориҷӣ ҳудудан 50 нафар бо маблағи бештар аз ин тӯли 3 ё 5 сол месозанд. Қарор аст нахустнамоиши ин филм аввали моҳи марти соли равон баргузор шавад.
"Рӯзгор"