03:53:04 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Эрон вуруди хориҷиён барои табобатро осон мекунад

Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои хориҷиёне, ки мехоҳанд дар ин кишвар табобат кунанд, низоми махсуси раводид ҷорӣ хоҳад кард.

Бино ба гуфтаи раиси Созмони мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон Муҳаммадалии Наҷафӣ раводиди табобат зудтар ва барои муҳлати зиёдтар дода шуда, арзиши он поинтар хоҳад буд. Барои амалӣ кардани тарҳи мазкур як комиссияи вижа бо ширкати намояндагони вазорати умури дохила, амният, умури хориҷа ва созмони сайёҳии ин кишвар ташкил карда шудааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол ҳудудан 80 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои табобат вориди Эрон мешаванд. Ҷумҳурии Исломӣ як кишвари дар минтақа пешрафта дар соҳаи тибб буда, низоми табобати он дар сатҳи муолиҷа дар кишварҳои ғарбист. Ҳатто дар табобати баъзе намуди бемориҳо Эрон аз мамолики Аврупо ва Амрико пештар аст. Ин боз дар ҳолест, ки маблағи хизматрасонии тиббӣ назар ба мамлакатҳои ёдшудаи ғарбӣ хеле поин аст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi