09:52:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мушкилоти ташкили телевизиони форсзабонон дар Тоҷикистон аст, на дар Эрону Афғонистон


Сарпарасти Сафорати Эрон дар То
ҷикистон Сайид Маҳмуди Сидрӣ иддиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар бораи телевизиони муштараки форсиро рад кард. Сайид Маҳмуди Сидрӣ, ки ҳафтаи гузашта ба ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки Афғонистон ва Эрон дар роҳандозии телевизиони муштарак ихтилоф ё мушкиле надоранд, балки мушкилоти идорӣ дар Душанбе боиси мавқуф мондани таъсиси ин шабака шудааст.

kamera-0101Вай гуфт, ки ҷониби Эрон тибқи муоҳада ҳамаи дастгоҳи зарурӣ барои ин телевизионро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва ин мушкили идорӣ дар Тоҷикистон аст, ки то ҳол иҷрои ин банд аз муоҳадаи се кишвар амалӣ нашудааст. 

-Эрон дастгоҳҳои заруриро барои ин телевизион бо қимати гарон харидорӣ карда, ба Тоҷикистон овардааст, бо бартараф шудани мушкилоти идорӣ дар назар аст ин масъала низ ҳал шавад, - гуфт Сайид Маҳмуди Садрӣ.

Кордори Сафорати Эрон дар Тоҷикистон замоне ин гуна изҳор назар мекард, ки Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти солонаи матбуотӣ сабаби таъхир дар таъсиси телевизиони муштараки форсизабонони Тоҷикистону Афғонистон ва Эронро дар ба мувофиқа нарасидани Афғонистону Эрон дар мавриди сужа ва таркиби барномаҳои ин шабака донист. Ба гуфтаи Сайидалӣ Сиддиқов ҷониби Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳо барои таъсиси ин шабакаи муштарак ба сомон расидаанд.

Дар нишасти ёдшудаи матбуотӣ Сайид Маҳмуди Садрӣ аз он ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти таҷҳизоти муоҳадавии ташкили телевизиони муштарак 400 ҳазор доллар талаб карда буд, ҳарфе ба забон наёвард. Ин дар ҳолест, ки талаби ин миқдор пул аз ҷониби Хадамоти гумрук қаблан расонаӣ шуда буд ва Эрон мегуфт, чун ин дастгоҳҳо тибқи муоҳадоти байнидавлатӣ ворид карда мешаванд, бояд аз пардохти ҳар гуна молиёт озод бошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ғояи таъсис телевизони муштараки форсзабонҳо ҳанӯз соли 2006 миёни ҳукуматҳои се кишвар, Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон ба миён омадаву баъдан санади расмии таъсиси он низ имзо шуда буд. Вале бо гузашти ҳудудан 8 сол ин муоҳада иҷро нашуд.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi