05:16:21 10-уми Июни 2025 сол

Ёде аз Мирзоқурбон Солиев -мутриби Шашмақом

Ҳафтаи гузашта дар толори Хонаи радиои кишвар ба ифтихори бузургдошти Мирзоқурбон Солиев, яке аз мутрибони чирадасти Шашмақом барномаи ҳунарие баргузор гардид. Фурқат Саидов, раҳбари дастаи ҳунарии "Шашмақом"-и Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон дар оғози ин маҳфил ба алоқамандони мусиқӣ дар бораи зиндагиномаи ин навозандае, ки аз таваҷҷуҳи муаллифони асари сеҷилдаи "Энсиклопедияи адабиёт ва манъати тоҷик" ва "Донишнома"-и Шашмақом канор мондааст, маълумоти муфиде ироа кард.

mirzokurbon-soliev020201Ба гуфтаи раҳбари бадеии шашмақомхонҳои Тоҷикистон Мирзоқурбон Солиев  аз ҷумлаи беҳтарин дуторнавозон ва гижжакнавозони Шашмақом ба шумор меравад. Ӯ нахустин маротиба дар таърихи мусиқии Шашмақом сози аврупоии скрипка (ғижжак) ё худ виолунро дар навохтани оҳангҳои классикӣ расман истифода кардааст. Тавассути ӯ шашмақомхонӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Исфара, ки баъди бознишаста шудан онҷо кору зиндагӣ мекард ва нозукиҳои ҳунари хешро ба ҷавонон меомӯхт, рушду тавсиаи бештаре пайдо кард. Мирзоқурбон Солиев соли 1996 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузаштааст.                            

ӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854