05:18:52 10-уми Июни 2025 сол

Луғати яғнобӣ ба чехӣ соҳиби ҷоиза шудааст

"Луғати яғнобӣ ба чехӣ", ки чор сол пеш дар шаҳри Прага чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи Анҷумани тарҷумонҳои Ҷумҳурии Чех шудааст. Ин луғат аз ҷониби Любомир Новак, унвонҷӯи факултаи забоншиносии Донишгоҳи Прага таҳия гардидааст.

ygn hirez-010111Дар таърихи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Чех ин аввалин бор аст, ки ба забони яғнобӣ таваҷҷуҳи густарда сурат мегирад ва ба ҳадде, ки луғати яғнобиву чехӣ иборат аз 7500 калима чоп ва ба истифодаи олимони луғатшинос пешниҳод шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки таваҷҷуҳи чехҳо ба забони тоҷикӣ ва Тоҷикистон тоза нест. Ҳанӯз дар асрҳои миёна дар ин кишвар осори олимони варзида, ибни Сино ва Закариёи Розӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Вале дар қарни гузашта дар омӯзиши фарҳангу тамаддуни форсу тоҷик профессор Ян Рипка ва Иржи Бечка бештар аз дигарон саҳм гирифтанд.

Соли 2005 Иржи Бечка, тоҷикшиноси маъруфи чех аз олам даргузашт ва соли 2006 нашриёти "Континент" китоби охирини ӯро бо номи "Аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Суҳроби Сипеҳрӣ" аз чоп баровард. Иржи Бечка дар ин таълифоташ дар бораи ҳудудан сад шоири форсу тоҷик маълумот додааст. Аммо муҳаққиқони осори олими шинохта мегӯянд ин охирин таълифоти Иржи Бечка набуд, балки асари дигари ӯ бо номи "Аз Айнӣ то Фарзона" дар шакли дастнавис мондаву рӯи чопро надидааст.  

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854