03:15:09 10-уми Июни 2025 сол

Се довталаби ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон кардааст, ки адабиётшинос Атахон Сайфуллоевро барои асарҳои сеҷилдаи "Уфуқҳои тозаи наср" ва шоир Мирзо Файзалиро барои китоби "Гулхори чида-чида" ба дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод кардааст.

atahon 523665Ҳамзамон бо ин гуфта мешавад, ки Иттифоқи меъморони кишвар доктори илм Рустам Муқимовро барои асари дуҷилдаи "Энсиклопедияи ёдгориҳои маданияти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ" номзад ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод намудааст. Бино ба гуфтаи Раҳмат Назрӣ, котиби Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Рӯдакӣ асарҳое ҳам дар соҳаи журналистика ва санъат ворид шуда буданд, вале аз сабаби ҷавобгӯи талабот набуданашон ба озмун роҳ дода нашуданд.

Ин манбаъ мегӯяд ҳоло муддати се моҳи оянда асарҳои пешниҳодӣ дар матбуот мавриди муҳокима қарор мегиранд ва танҳо баъди он соҳибҷоиза эълон мешавад.

Пешниҳоди ду нафаре, ки ҳамвазн бо соҳибҷоизаҳои қаблӣ чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ, Бозор Собир нестанд, аз ҳоло мавриди гӯмагӯҳо дар доираҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ соли 1964 таъсис ёфта, ҳоло дар ҳар ду сол як маротиба эъто мегардад. Маблағи он муодили 3500 доллар аст ва аз замони истиқлолият маъмулан дар арафаи ҷашни истиқлол супурда мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854