22:48:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Аввали ин моҳ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои  сохтмонию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000- солагии ноҳия шинос шуд.

khabarho-2014-201500102Дар ҷараёни боздид аз сохтмони Қасри фарҳанг барои 700 ҷои нишаст маълум шудааст, ки  корҳои сохтмонӣҷавобгӯи нақшаи таҳияшуда набуда маҳали бунёди  китобхона ва осорхона то ба ҳол барои оғози корҳои сохтмонӣ омода нагардидааст. Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукотии 3000-солагии Ҳисор, ки таҳти раёсати Сарвазир гузашт, зарурияти тақвият бахшидан ба корҳои сохтмонӣ таъкид шудааст. 

ххх

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати кишвар мегӯяд зарфи 3 моҳи соли равон 25 шаҳрванди хориҷӣ бо ҳукми судҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд. Абдуллоҳ Қодирӣ, ки ахиран бо "Рӯзгор" суҳбат мекард, эълон дошт, ки дар умум Хадамоти муҳоҷират, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош нисбати 59 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода буд, ки аз инҳо танҳо 25 нафарашон берун карда шуданд.

Ин манбаъ гуфт, ки соли гузашта Хадамоти муҳоҷират нисбати 208 нафар шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода буд, ки аз онҳо 131 нафарашон аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Гуфтанист, ки дар соли 2014 Тоҷикистон барои муҳоҷирони кории хориҷӣ 4 ҳазору 800 квота ҷудо карда буд.

ххх

Дар маҳалли ярчзадаи Афғонистон корҳои наҷот мутаваққиф шуданд. Рӯзи якшанбеи гузашта сокинони ин кишвар дар азои бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди зери хоку лоймонда мотам гирифтанд, парчами миллӣ поён бурда шуд, аз радиову телевизион мусиқии мотам садо дод. Волии Бадахшон Валиюллоҳ Адиб ба хабарнигорон иброз доштааст, ки ҳарчанд талош мекунанд, вале умеде барои наҷоти ин бештар аз 2 ҳазор сокини зери гил монда надоранд.

Ба гуфтаи ӯ бештар аз 600 нафар дар оғоз зинда ва кӯшиши наҷоти ҷони зери тепа монда доштанд, вале худ туъмаи хоку лой шуданд ва бо ҳаёташон абадан падруд гуфтанд. Ҳарчанд исми ин афрод ҳоло дар листи бедарак гумшудагон шомил аст. Валиюллоҳи Адиб гуфтааст, ки сар аз рӯзи шанбе, баъди ноумедӣ аз амалиёти наҷот корҳои кофтуков қатъ шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ин мавзеъ ба қабристони умумӣ табдил мешавад.

ххх

Дар натиҷаи садамаи қатора дар иёлоти Махараштраи Ҳинд 12 нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудудан 30 нафар маҷруҳ гардиданд. Бино ба гузориши Рейтер мақомот иллати садамаро расман эълон накардаанд. Аммо наҷотгарон аз бартараф шудани хатар ба ҷони даҳҳо нафари дигар хабар доданд. 

ххх

Рӯзҳои 5-6-уми майи соли равон президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан кард. Дар ҷараёни ин сафар вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Баъди гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар як қатор ҳуҷҷатҳо дар соҳаҳои нақлиёт, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ имзо шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши иттилоияе хабар додааст, ки таърихи барқарории равобити дипломатии ду кишвари соҳибистиқлол аз 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол "Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон" оғоз шудааст ва моҳи феврали соли 1995 дар Ишқобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Манбаъ ҳамчунин мегӯяд пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд.

Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд. Соли 2013 гардиши савдои байни ду кишвар 119,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад. 

ххх

Муҳаммадшафиқ Гулоғои Шерзай, яке аз номзадҳои шикастхӯрда дар интихоботи Афғонистон ҳимояташро аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ номзади пештози ин интихобот эълом кард. Вай гуфтааст, ки  "ман ба намояндагӣ аз тими худ ба хотири таъмини амният, сулҳу субот, ҳокимияти қонун, супурдани кор ба аҳли кор ва эҷоди як ҳукумати шоиста дар кишвар, аз тими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят менамоям." Тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ахиран хабар дод, ки музокирот бо номзадҳои дигар, аз ҷумла бо Зулмай Расул ва Абдураб Расули Сайёфро сар кардааст. 

ххх

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) қасд дорад зарфи се соли оянда ба Тоҷикистон маблағи беш аз 300 милюн доллар кӯмак кунад. Тибқи иттилоъи масъулони дафтари намояндагии ин бонк дар Душанбе, ин кумакҳо ба бахшҳои энержӣ, омӯзишу парвариш ва нақлиёт дар тӯли солҳои 2014-2016 ихтисос дода мешавад. Бино ба гуфтаи вазорати молияи Тоҷикистон яке аз авлавиятҳои фаъъолияти БРО дар ин кишвар сармоягузорӣ дар тарҳи кашидани хатти роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон аст.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi