05:01:38 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Душанбе ҳамла ба дипломати тоҷик дар Қундузро тасдиқ кард

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона ба як дипломати тоҷик дар шимоли Афғонистонро таъйид кард. Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 17 май дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳамла ба ҷони Рустам Маҳмудӣ, консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон қабл аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар минтақаи Хонободи вилояти Қундуз сурат гирифтааст.

vazorati-khorija-458741236Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки як мошин аз дунбол худрави консулро таъқиб мекунад ва вақте мебинанд, ки онҳо автомат доранд, гашти мошинро суст мекунанд. Дар натиҷаи тирандозии афроди мусаллаҳ, Рустам Маҳмудӣ аз дасти рост ва пояш маҷрӯҳ мешавад ва ҳоло дар бемористони хориҷиҳои Қундуз бистарӣ аст ва ҷарроҳӣ шудааст.

Абдулфайз Атоев дар мавриди вазъи саломатии Рустам Маҳмудӣ гуфт, ки ҳоло ба ҳуш омада ва сӯҳбат мекунад ва бояд аз сӯи ҷарроҳонӣҷопонӣ дар бемористони Қундуз боз як амалиёти дигарро паси сар кунад ва дар ҳолати зарурат ӯро ба ватан интиқол хоҳанд дод.

Ин масъули вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки ин ҳодиса ба муносибатҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ таъсире расонида наметавонад ва равобит чун қабл самимӣ ва дӯстона боқӣ хоҳад монд. Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сохторҳои амниятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни афғони худ барои пайдо кардани гунаҳкорон ҳамкориро шурӯъ кардаанд.

Аз ин қабл, Саид Сарвар Ҳусайнӣ, як масъули пулиси амниятии вилояти Қундуз ба хабаргузориҳо гуфта буд, мошини ҳомили консули Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар масири байни Бадахшон ва Қундуз мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ ба сӯи мошини ин дипломати тоҷик оташ кушодаанд, ки ба ҷуз вай каси дигар маҷрӯҳ нашудааст. Оқои Ҳусайнӣ аз ин дипломат Рустам Маҳмудӣ ном бурда буд, ки консули Тоҷикистон дар Файзобод- маркази вилояти Бадахшони Афғонистон будааст. То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба ӯҳда нагирифтааст.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кобул сафорат ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои худро дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi