21:03:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

1 сомонӣ барои кирояи қитъаи замини сафорати Қазоқистон

Шаҳрдори Душанбе барои бунёди сафорати Қазоқистон дар пойтахти Тоҷикистон ба андозаи 1 ҳектор қитъи замин ҷудо кардааст, ки кирояи солонаи он ба 1 сомонӣ баробар будааст.

Озодаи Эмомалӣ, муъовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 1 октябр, мувофиқатномаи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи тахсиси қитъаоти замин барои бунёди сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Душанбе ва Остонаро дар иҷлоси порлумон ташреҳ медод, гуфт, дар шаҳри Остонаи низ барои бунёди бинои сафорати Тоҷикистон бо кирояи 1 танга дар як сол қитъаи замин ҷудо шудааст.

Тибқи мусаваббаи шаҳрдории Остона аз рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ ин қитъаи замин барои истифодабарӣ ба муддати 49 сол ҷудо шудааст. Ин санади ҳуқуқӣ 24 августи соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон имзо шуда буд. Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи порлумони Тоҷикистон, созишномаи мушобеҳе миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) баррасӣ ва тасвиб шуд.

Тибқи ин санад, Тоҷикистон барои бунёди сафорати Аморати Муттаҳидаи Араб дар хиёбони Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе 6 ҳазор метри мураббаъ ва АМА дар маҳаллаи диплумотҳои шаҳри Абу Забӣ барои сафорати Тоҷикистон ба андозаи 5 ҳазору 755 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо хоҳанд кард.

Ба ҳангоми бунёди бинои сафоратхонаҳо ҷонибҳо аз пардохти ҳама гуна молиёт ва аворизи гумрукӣ муоф буда, аммо хароҷот барои бунёди бинои сафорат, обрасонӣ, кашидани хатти барқу гоз ба ин сохтмон аз сӯйи тарафҳо мустақиман пардохт хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi