Сиёсати Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон созанда аст
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки сиёсат ва таомули Ҳизби Наҳзати исломӣ дар ин кишвар дар баробари давлат ва ҷомеа созанда аст.
Ба гузориши сайти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, Зулфиқори Исмоилиён таъкид карда аст, ки бо вуҷуди фишори шадиди таблиғотии расонаиҳои давлатӣ бар ин ҳизб, дар остонаи баргузории интихоботи порлумонӣ дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар ин кишвар, мақомоти масъули ин гурӯҳи сиёсӣ сабр ва таҳаммулро пеша кардаанд.
Вай гуфта аст, ки дар шароити феълии сиёсии ҳассоси Тоҷикистон агар ба ҷойи Ҳизби Наҳзати исломӣҳар гурӯҳи дигар мебуд, ба эҳтимоли қавӣ наметавонист дар муқобили ин ҳуҷумҳои бузурги фишори расонаӣ биистад ва ё дучори дудастагӣ ва ихтилофоти дохилӣ мешуд, ки қаблан аҳзоби демократ ва сотсиалист ба ин сарнавишт дучор шуда буданд.
Зулфиқори Исмоилиён далели ин ки Ҳизби Наҳзати исломӣ дар се интихоботи порлумонии қаблӣ пас аз барқарории сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон бо вуҷуди эътибори ин гурӯҳи исломии сиёсӣ, танҳои ду намоянда ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар фиристода, фишорҳои мухталифи расонаӣ бо ҳадафи зарба задан ба ҷойгоҳи ин ҳизб унвон карда аст.
Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар ин кишвар, 27 нафарро ба унвони номзад муаррифӣ карда аст.
http://tajik.irib.ir/