09:47:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эъломи баргузории ҳамоише бо суханронии Кабирӣ дар бораи ҷойгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши "Рисолати Муҳаммад (с) ва ҷаҳони муосир" суханронӣ хоҳад кард.

muhiddin-kabiri-4598654656.jpgМаҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз хабар дод, фардо, 17 январи 2015, соати 10- рӯз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб дар дафтари Марказии ҲНИТ дар ҳамоиши "Рисолати Муҳаммад (с) ва ҷаҳони муосир" ширкат ва суханронӣ хоҳад намуд.

Ба гуфтаи оқои Файзраҳмонов, Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҳамоиш оид ба мавзӯи "Шинохти воқеии Паёмбари Ислом (с) ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони Ислом" сӯҳбат мекунад.

Сухангӯи ҲНИТ  мегӯяд, сӯҳбати Кабирӣ ва дигар ширкаткунандаҳо дар ин ҳамоиш аз тариқи барномаи "Зелло", барои хоҳишмандон дар хориҷи кишвар низ пахш хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, дар ин ҳамоиш донишмандони ҷавон Абдуллоҳ Оқилзода, Яҳё Абдусаттор ва дигарон паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти Паёмбари Ислом (с) -ро низ мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов аз хоҳишмандон дархост кардааст, дар ин ҳамоиш, ки ширкат дар он озод аст, ҳузур дошта бошанд.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi