11:43:22 09-уми Июни 2025 сол

Эътирози тоҷирони Кӯлоб дар назди бинои ҳукумат

Ҳудуди 50 нафар тоҷирони фурӯшгоҳиқисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар маркази савдои “Лола”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор, аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шуданд.

miting_84457879.jpgҲудуди 50 тоҷири фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар маркази савдои “Лола”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шудаанд. Неъмат Рустамов - муовини раиси шаҳри Кӯлоб, субҳи 23 январ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи тоҷирон дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада ва дахолати ҳукумати маҳаллӣ ба қазияи пешомада миёни онҳо ва масъулони бозорашонро талаб доранд.

Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, “онҳо дар масъалаи андозу шартномаи яксолае, ки миёни соҳиби бозор ва соҳибкор баста шудааст ва масъалаи андоз муроҷиат карданд. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ҳоло паёми президент оғоз мешавад, беҳтараш раванду паёмро гӯш диҳанд ва фардо биёянд, баъд ҳамаи масъалаашонро ҳаллу фасл мекунем.”

Хабарнигори мо дар Кӯлоб мегӯяд, тоҷирон баъд аз ин ба назди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр омадаанд. Онҳо гуфтаанд, мехоҳанд талаби худро бо сардори Раёсати пулиси Кӯлоб дар миён гузоранд, то ӯ мӯйро аз хамир ҷудо кунад. Яке аз тоҷирони бозор гуфт, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ аз онҳо талаб кардааст, намояндаи худро фиристанд ва мушкили худро матраҳ намоянд, аммо соҳибкорон розӣ нашуда ва ҳама якҷоя ба шӯъба даромадаанд.

“Барои шартномае, ки ба ҳар яке аз мо раиси бозор НуралӣҲасанов баст, ду ҳазордолларӣ додем. Ҳоло муддати шартномаи мо ба охир расидааст. Раиси бозор мегӯяд, барои шартномаи нав бояд боз 1000-долларӣ пардохта шавад. Мо пул надорем, савдо суст рафта истодааст",-гуфт яке аз тоҷирон.

Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он НуралӣҲасанов ҳамроҳи писараш умури онро дар даст доранд. Вале то ҳол онҳо ин қазияро шарҳ надодаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854