09:30:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30  

Тақозои додситонии кулл аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба вазоратхона ва идораҳои қудратии кишвар тақозо кардааст, ҳангоми боздошти афроди гумонбар ба амалҳои ҷиноӣ номашон ошкор нашавад.

prokuratura-788564545.jpgДафтари матбуоти додситонии кулл рӯзи 30 март бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, чунин нома алакай ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ирсол шудааст.

Ба қавли мусоҳиби мо аз додситонии кулл, аз мақомоти қудратӣ тақозо шудааст, то замони тасдиқи гуноҳи гумонбар аз тарафи додгоҳ, ному насаби онҳоро ошкор накунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи чандсолаи гузашта нишон медиҳад, бархе афрод ҳамчун гумонбар дастгир шуда ва зимни тафтиши парванда гуноҳи онҳо тасдиқ намешавад ва дар натиҷа озод мегарданд. “Вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад,”-гуфт мусоҳиби мо аз додситонии кулл.

Ин аст, ки масъулони додситонӣ тасмими чунин тақозои худро ҳифзи шаъну шараф ва ҳимояи ҳуқуқи афроди гумонбар медонанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз тарафи додситонии кулл нома дарёфт кардаанд, ки дар он дар вақти пахши хабар аз ифшои ному насаби афроди гумонбар дар сомонаи оҷонсӣ худдорӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки барномаи шабакаи телевизионии “ВКД хабар медиҳад” зимни пахши гузоришҳо дар бораи афроди боздоштшуда ба ҷиноятҳои мухталиф аксу ному насаб ва чеҳраи онҳоро пахш мекунад.

Аммо масъулони сомонаи вазорати корҳои дохилӣ мегуянд, баъд аз дастрас кардани номаи додситонии кулл, ҳангоми пахши хабар дар сомона, аз овардани ному насаби афроди гумонбар худдорӣ хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi