15:22:33 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ба зиёда аз 1000 шаҳрванди ҷумҳурӣ иҷозаи вуруди дубора ба РФ дода шуд

Зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ  иҷозаи дубора ба Русия рафтанро дарёфт намуд. Аз ҷумла, ба 190 нафар донишҷӯёне, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, бо кумак ва мусоидати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ин имтиёз дода шуд.

Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, 2 июл ба унвони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мактуби расмӣ аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ворид гардид.

Бино ба гуфтаи сарчашма,  гуфтушунидҳо бо ҷониби Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ва аз руйхати мамнуъшудагон баровардани онҳо идома дошта, шаҳрвандон метавонанд аз рўйи 5 категория (табақа) ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Барои бартараф кардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба  ФР манъ шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гурўҳи экспертӣ ташкил карда, аз рўйи 5 табақа шаҳрвандон аз рўйхати манъшудагон озод мешаванд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi