23:17:42 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар Симферопол фаъоли тотор Эскандер Небиев боздошт шуд

Шоми 9 октябр дар Қрим собиқ наворбардори шабакаи телевизионии тоторҳои Қрим ATR Эскандер Небиев боздошт шуд.

eskander-nebiev-544545Вай ҳамзамон писари гумонбар ба ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол Бекир Набиев мебошад. Аммо мақомоти русгарои Қрим изҳор доштанд, ки боздошти Небиев ба парвандаи падараш рабт надошта, ӯ ба иштирок дар беназмиҳои 26 феврал дар назди бинои порлумон дар Симферопол айбдор мешавад.

Рӯзи шанбе дар бешазори наздикии Симферопол ҷасади Бекир Небиеви 55- сола ёфт шуд, ки дар ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол дар таърихи 26 сентябр гумонбар буд, пайдо шуд. Ҷасад аз сӯйи ҷонварон сахт осеб дида, аммо вуҷуди нишони тир дар тани он ба бозрасон имкон дод то хулоса кунанд, ки вай худкушӣ кардааст. Милтиқи шикорие, ки эҳтимолан аз он вай ба сӯйи пизишкон тирпарронӣ кардааст, дар назди ҷасад ёфт шудааст.

Дар пайи ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол ду нафар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷароҳатбардоштагон дар бемористонанд.

26 феврали соли гузашта дар назди бинои порлумон дар Симферопол миёни ширкаткунандагони ду гирдиҳамоӣ - ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумати нави Украина даргирие сурат гирифт. Он замон ду нафар кушта ва на кам аз 30 нафар осеб диданд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi