15:01:31 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷамъбасти фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»

Дар асоси қарориҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон шудани соли 2015 «Соли оила» Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо  фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»-ро ба роҳ монд. 

Ба иттилои мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, давоми 3-моҳ дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо марҳилаи якум ва дуюми  фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин» баргузор гардид, ки мақсад аз он пойдор намудани оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии оилаҳо мебошад. 

Ҳамчунин ба гуфтаи Маҳбуба Азимова дар озмуни мазкур  аъзои ҳакамонро намояндагон  аз Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд ва аз байни нуҳ оилаи ҷавон оилаи Ҷӯрабековҳо аз шаҳри Ваҳдат соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Тибқи иттилои масъулин фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин» бори аввал дар байни оилаҳои ҷавон ба роҳ монда шуда, он дар сатҳи баланд баргзор гардид.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi