18:22:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Террористони ДОИШ бо шиносномаҳои қалбакӣ вориди Олмон мешаванд

Даҳҳо гурезагони Сурия бо шиносномаҳои қалбакӣ ба Олмон ворид шудаанд. Маҳз ин усулро террористони ҳодисаҳои даҳшатбори Париж низ истифода карданд. Дар ин бора рӯзномаи олмонии «Bild» бо такя ба хадамоти махсуси Олмон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, барои истифодаи шиносномаҳои қалбакӣ террористон ҳуҷҷатҳои ҳақиқиро истифода карда, танҳо номҳо ва аксҳои соҳибони шиносномаҳоро иваз мекунанд.

Ин тактикаи нави ифротгароён мебошад. Аввал бо шиносномаи қалбакӣ террористи оддӣ сафар карда, кӯшиш мекунад барои убури сарҳад муҳри зиёде ба даст орад. Баъдан ин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз номи террористони оддӣ ба номи генералҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» номнавис карда мешаванд.

То ин дам ҳамаи шиносномаҳои қалбакии мусодирашуда ба шаҳри Раққаи Сурия фиристода шуданд. Ҳоло хадамоти махсуси Олмон маълумоти рақамҳои тамоми ҳуҷҷатҳои маъмурияти маҳаллӣ додаро ҷамъоварӣ карда истодааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi