21:32:33 01-уми Июли 2025 сол

Семинари Сафорати ИМА оиди мубориза бо ифротгароии хушунатомез

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба роҳҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомезро барои 22 иштирокчӣ аз Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ намуд.

saforati-ima_65656565.jpgСеминар дар доираи нақшаи солонаи чорабиниҳои Фармондеҳии марказии ИМА оид ба ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Чорабинии мазкур, ки ба дарки решаҳои ифротгароии динӣ тамаркуз шуда буд, аз ҷониби гурӯҳи Маркази муносибатҳои ҳарбӣ-шаҳрвандии Мактаби олии Қувваҳои баҳрии ИМА гузаронида шуд.

Иштирокчиёни семинар ҳамчунин қазияҳои муайянро таҳлил ва андешаҳо оиди тарҳрезии стратегияҳои ниҳодӣ оид ба мубориза бо таъсири равиши ифротгароӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро баррасӣ намуданд.

Ҳадаф аз чунин вохуриҳо баланд бардоштани сатҳи тавоноии Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари ифротгароии хушунатомез ва беҳтар намудани шарикию ҳамгироии ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон мебошад, омадааст дар хабаре, ки сафорати ИМА ба сомонаи “Рӯзгор” фиристодааст.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ