18:04:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мулоқоти Пешвои миллат бо вазири давлатии Британияи Кабир

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейнро ба ҳузур пазируфт.

muloqoti-peshvoi-millat-214.jpgДар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.

Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост” — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳо табодули андеша карда, барномаҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави кориро афзалиятнок донистанд”.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои парлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстии миёни мақомоти қонунгузории ҳарду кишвар, ташкили  барномаҳои омӯзиши теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ва рушди ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос намуд.

 Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар мулоқот инчунин вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид гуфтугӯйи судманд доир гардид.

АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi