23:41:43 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Брюссел ва Лондон оид ба ислоҳоти Иттиҳоди Аврупо ба созиш нарасиданд

Роҳбари Шӯрои Аврупо Доналд Туск баъд аз рӯзи аввали ҳамоиши иттиҳод изҳор дошт, ки роҳбарони Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти иттиҳод, ки онҳоро Лондон талаб мекунад, ба созиш нарасиданд.

ES-325645121.jpg«Мо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштем, вале ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст. Ман ҳоло бо сарвазири Британия Дэвид Кэмерон, президенти Фаронса Франсуа Олланд ва сарвазири Белгия Шарл Мишел мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳам дод», — гуфт ӯ. Тавзеҳоти бештарро на Доналд Туск ва на роҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер, ки дар паҳлӯи ӯ буд, нагуфтанд.

Ҳамин тавр, роҳбарони Иттиҳоди Аврупо иттилои манобеъро оид ба он, ки ҳанӯз ҳам миёни Брюссел ва Лондон ихтилофҳои зиёд вуҷуд доранд ва ҳамчунин рақибони ашаддии талаботи Дэвид Кэмерон Белгия ва Фаронса ба шумор мераванд, амалан тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои манбаи ТАСС аз ҳошияи нишаст, Брюссел ва Лондон ҳоло дар масъалаҳои зиёд, аз ҷумла дар ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати асосии Иттиҳоди Аврупо, низоми ба ном боздории фавқулодда ва имтиёзи иҷтимоӣ (барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳо) созиш карда наметавонанд.

Илова бар ин, манбаъ зикр менамояд, ки як зумра кишварҳо, аз ҷумла Белгия ва Фаронса, зидди қабули талаботи Лондон баромад мекунанд. Ин кишварҳо бар он назаранд, ки баъзе аз шартҳои Лондон на танҳо хилофи принсипҳои бунёдии иттиҳоданд, балки онҳо дар муносибат бо 27 кишвари дигари Иттиҳоди Аврупо ноодилонаанд.

Баъдан ин иттилоъро дигар манобеъ низ тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки рақиби ашаддии шартҳои Лондон Белгия мебошад. Ин кишвар асосан ба ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати асосии Иттиҳоди Аврупо муқобил аст.

Пас аз мулоқоти дуҷонибаи шабона имрӯз роҳбарони ҳамаи 28 кишвар бори дигар сари мизи музокирот менишинанд.

Ба гуфтаи Доналд Туск, бахусус натиҷаи ин музокирот қарори ниҳоии ҳамоиш мегардад, ки он тақдири Британияи Кабирро дар Иттиҳоди Аврупо муайян мекунад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi