21:32:12 01-уми Июли 2025 сол

Обама ҳамдигарфаҳмӣ миёни ИМА ва Русияро оид ба Сурия пазироӣ кард

Президенти ИМА Барак Обама дар суҳбати телефонӣ бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мувофиқаи бадастомадаи кишварҳоро оид ба шарту шароити оташбас дар Сурия миёни неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ хуш пазируфт.

Obama-5621454545.jpg«Президент Обама созиши бадастомада миёни ИМА, Русия ва дигар шарикони байналмилалии гурӯҳи мададрасони Сурияро оид ба шарту шароит ва раванди оташбас хуш пазируфт,-омадааст дар иттилоияи Кохи сафед.

«Президент Обама таъкид намуд, ки ҳоло авлавият дар он аст, ки аз ҳукумати Сурия ва мухолифини мусаллаҳҷавоби мусбат ба даст ояд ва ин раванди сиёсии таҳти васояти СММ ҷараёнгиранда аз ҳарду ҷониб баробар риоя шавад. Инчунин ба мубориза бо ДИ равона гардад»,-омадааст дар ҳуҷҷати мазкур.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ