00:53:53 08-уми Июни 2025 сол

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи синамо тавсеа мебахшанд

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба ҳамкории муштарак дар соҳаи истеҳсоли филмҳо ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

TochikfilmЗимни маросими баимзорасонӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, ба имзо расидани созишномаи мазкурро яке аз ҷанбаҳои хуби ин муносибатҳо унвон карданд.

«Созишнома аз 17 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои марбут ба филмбардориро фаро мегирад. Минбаъд синамогарони ҳарду кишвар метавонанд дар ҳамҷоягӣ филм истеҳсол намоянд», — иттилоъ доданд аз МД «Тоҷикфилм».

Дар созишнома ҳамчунин дар мавриди ба намоиш гузоштани филмҳо, ҳамкории эҷодии синамогарони ҳарду давлат, ҳуқуқи муаллифӣ, даъвати ҳунармандон, ҷалби ҷониби сеюм барои таҳияи филм, иштироки филми муштарак дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ, даъвати мутахассисони ҳарду ҷониб, филми тавлидшуда бо зернависи тоҷикӣ – чинӣ ва ё яке аз забонҳои хориҷӣ гуфта шудааст.

Бояд зикр кард, ки созишнома миёни филмофарони тоҷику чинӣ дар чорчӯбаи қонунҳои ҳарду давлат ва риоя кардани тартибот, инчунин эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои ҳарду миллат амал менамояд.

Ҳамкории зичу муфид дар соҳаи кинематография миёни синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди синамои ҳарду давлат мусоид буда, мубодилаи фарҳангӣ ва иқтисодиро вусъат мебахшад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854