04:27:41 17-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Даргузашти профессор Асадулло Сӯфизода дар шаҳри Душанбе

Профессор Асадулло Сӯфизода-яке аз маъруфтарин олимони кишвар дар 87-умин баҳори умраш баъди як бории басо тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Профессор Сӯфизода фолклоршиноси шинохта буд ва даҳҳо китобу мақолаҳо дар бораи эҷодиёти шифоҳии халқ дорад. Ғайр аз ин солиёни дароз дар вакултаи филология тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишомӯзон аз фанни фолклоршиносӣ дарс гуфтааст.

1-ahmadshah-masood 214578Профессор Асадулло Сўфизода 20 марти соли 1932 дар деҳаи Баландчашмаи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1956 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба итмом расонда, дар Донишкадаи давлатии педагогии ш. Кўлоб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1958-1962 дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор карда, ҳамзамон дар аспирантураи он хондааст. Аз соли 1963 дар кафедраи фолклор ва адабиёти УДТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияташро шурўъ намуд ва қариб ним аср ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон шуғл варзид.

Баробари фолклоршиносӣ ба адабиётшиносӣ, шевашиносӣ, усули таълими адабиёт, танқиди адабӣ шуғл варзида, беш аз сесад таълифот ба нашр расондааст. Хидматаш бахусус дар таҳқиқи жанри фолклории чистон бебаҳост.

Аз профессори Асадулло Сӯфизода асарҳое чун - «Шеваи гуфтори тоҷикони Кангурт» (1957), «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ» (1960), «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқодири Бедил дар синфи нӯҳ» (1962), «Таълими фолклор дар мактаб» (1964), «Шоирони халқӣ – вассофони воқеият» (1967), «Назми халқ – оинаи ҳаёт» (1969), «Чистонҳои халқии тоҷикӣ» (1972) «Классикони марксизм дар бораи фолклор» (1972), «Гуманизм ва интернатсионализм дар фолклор» (1975), «Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик» (1977), «Фолклор – афкори эстетикӣ ва иҷтимоии халқ» (1982), «Фолклор - санъати сухан» (1985), «Ҳазору як чистон» (1986), «Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик» (1992), «Фолклор - ҳамрадифи таърих» (1999), «Фолклор – махзани сухан» (2006) ва даҳҳо мақолаҳои ҷолиб, ки солҳои гуногун дар нашрияҳои кишвар чоп шудаанд, мерос монданд.

Ёди олими маъруф гиромӣ бод!

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi