17:54:51 07-уми Июни 2025 сол

Истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Si-CHinpin-va-Emomali-Rahmon-56565

Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки рӯзи 15 июн Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокирот анҷом медиҳанд.

http://president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854