БАРКАНОРИИ РАИСИ КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Президент Раҳмон бо судури фармоне Хайриддин Абдураҳимовро аз симати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон "бо ҳохиши худаш" барканор кард. Бо фармоне дигар ба ин вазифа Саймумин Ятимов, муъовини оқои Абдураҳимов мансуб шудааст. Қарор аст ин фармонҳоро порлумони Тоҷикистон тасдиқ кунад. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба симати муъовини аввали раиси кумитаи амнияти ин кишвар таъйин шудааст. Дар гузашта оқои Умаров вазифаи раиси раёсати ҳифозати раиси ҷумҳури Тоҷикитсонро бар ӯҳда дошт.
Ба эътиқоди соҳибназарон, фирори 25 нафар аз зиндониён аз боздоштгоҳи кумитаи амният сабаби аслии барканории оқои Абдураҳимов аст. Ин фирориён то ҳол дастгир нашудаанд, ҳарчанд ба раҳбарии Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, як ситоди вижа таъсис шуда ва барои боздошти афроди фирорӣ куллияи нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ ва вазорати дифоъи Тоҷикистон сафарбар шудаанд.
Дар рӯзҳои нахусти баъд аз фирори зиндониён соҳибназарон изҳор доштанд, ки таъйини вазири кишвари Тоҷикистон ба раҳбарии ин ситод ба ин маъност, ки Президент Раҳмон дигар ба мақомоти амниятӣ эътимод надорад ва ҳадс зада мешуд, ки онҳо базудӣ аз симатҳои худ барканор хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, дар авоили ҳафтаи ҷорӣ манобеъи умури зиндонҳои Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба вазорати адлияи кишвар, дар расонаҳои гурӯҳӣ матолиберо мунташир карда ва мақомоти амниятиро ба бесалоҳиятӣ ва ҳирфаӣ набудан муттаҳам карда буданд.
Хайриддин Абдураҳимов муддати даҳ соли ахир нахуст вазири амният буд ва сипас раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ба гуфтаи соҳибназарон, вай ҳамчунин аз афроди наздик ба раиси ҷумҳур маҳсуб мешуд ва гузашта аз ин, пайванде низ бо Эмомалӣ Раҳмон доштааст. Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин куллияи муъовинони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар аз симатҳои худ барканор шудаанд, ба ҷуз аз Саймумин Ятимов, ки раиси ин ниҳод таъйин шуд.
Саймумин Ятимов дар оғози имсол ба симати муъовинати ин ниҳоди калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон интисоб шуда буд, ҳарчанд аз соли 2000 то 2005 низ вай вазифаи мушобеҳе дар Кумитаи амнияти миллӣ дошт. Оқои Ятимов аз соли 2005 то соли 2007 муъовинати вазорати хориҷаи Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва сипас сафири Тоҷикистон дар созмонҳои урупоӣ дар шоҳигарии Белжик таъйин шуд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, оқои Ятимов, ки зодаи вилояти Хатлон аст, тахассуси устоди фанни забон ва адабиёти тоҷикро дорад, вале ҳамзамон донандаи хуби забонҳои инглисӣ, арабӣ, русӣ ва форсист. Ҳамчунин, вай дар риштаи сиёсатшиност мадраки дуктуро дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3028-2010-09-02-06-32-06.html