18:31:32 30-уми Июни 2025 сол

БОЗ ДУ ЗИНДОНИИ ФИРОРӢ БОЗДОШТ ШУД

Тибқи иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 10 сентябр, ду нафари дигар аз маҳбусони фирориро дар пайи амалиёти вижаи кормандони амниятӣ бо кумаки сокинони ноҳияи Файзобод ва шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.\

 

Ин кумита аз шаҳрвандон ба хотир кумак ва мусоъидаташон дар боздошти зиндониёни фирорӣ тавассути телевизиюн ибрози сипос кардааст. Афроди боздоштшуда Ахмедов Магамед, шаҳрванди Русия ва Азизов Зайдулло, сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳастанд, ки дар миёни гурӯҳи 25 нафариии зиндониён рӯзи 23 августи соли ҷорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд. Телевизиюни давлатии Тоҷикистон шоми 10 сентябр зимни пахши ин хабар оқоён Магамедов ва Азизовро нишон дод, ки пас аз боздошт, ба фирор аз зиндон иқрор карданд.

 

Аз ҷумла Ахмедов Магамед, зодаи ҷумҳурии Русия дар ин навор аз ҳамдастони фирории худ даъват кардааст, ки "алайҳи сохтори конститутсионӣ наҷангед" Азизов Зайдулло зодаи рустои Пастироҳи ноҳияи Дарвоз, яке дигар аз боздоштшудагон дар навбаи худ дар ин навор гуфт, ки аз кардааш пушаймон аст ва афзуд: "Аз бародаронам хоҳиш мекунам, ки силоҳҳои худро супоранд."

 

Ба гуфтаи манобеъи амниятии кишвар ҳангоми боздошт аз Ахмедов Магамед ва Азизов Зайдулло миқдоре аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст. 23 августи соли ҷорӣ ба ҳангоми фирори гурӯҳи 25-нафарии зиндониёни Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 6 нафар аз кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва вазорати кишвар кушта шуданд.

 

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар баёнияи расмии худ дар ин бора иттилоъ дод, ки мубтакирони ин фирор Иброҳим Насриддинов, Магамед Ахмедов ва Ҳикмат Азизов ҳастанд, ки аз ҷумла дар ҷурми терурисм ва талош барои кудето ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

 

Дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар робита ба фирори ин гурӯҳи зиндониён Қосим Ғаффоров, муъовини аввали раиси ин Кумита ҳодисаи мазкурро "қазияи фаромиллӣ" хонд , зеро ба гуфтаи ӯ дар миёни 25 нафаре, ки аз боздоштгоҳи кумита фирор кардаанд, шаҳрвандони Русия ва Афғонистон низ ҳастанд.

 

Зарфи даҳ рӯзи ахир ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ дар пайи амалиёти муштараки худ барои боздошти ин зиндониён Қорӣ Иброҳим Насриддинов, ки ба гуфтаи мақомоти амниятӣ яке аз мубтакирини ин фирор аст ва Абдурасул Мирзоевро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ниҳодҳои амниятӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ барои боздошти аъзои дигари гурӯҳи фирориён идома дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3090-2010-09-10-17-30-51.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ