21:17:45 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/12_khabari-dogh5478'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/12_khabari-dogh5478'

ҲАМЛАИ ЯК ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲ БА ҚИСМИ НИЗОМИИ ВАЗОРАТИ ДОХИЛА

Сокинони деҳаи Стаханови ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, шоми рӯзи шанбе як гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба қисми низомии вазорати корҳои дохилии мустақар дар ин мавзеъ ҳамла кардааст.

 

khabarДаргирӣ миёни кормандони умури дохила ва ин гурӯҳ ҳудуди 3 соат идома доштааст. Шоҳидони ҳодиса зимни сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки баъд аз даргирии тӯлонӣ гурӯҳи мусаллаҳ ақибнишинӣ карда, ба самти Теппаи Самарқандӣ ҳаракат кардаанд. Афроди ин гурӯҳи мусаллаҳ то ҳол шиносоӣ нашудаанд. Кормандони умури дохила ба сокинони ин маҳал гуфтаанд, ки ҳадафи ин гурӯҳи ношинос ғасби қисми низомӣ ва ба даст овардани аслиҳа будааст.

 

То ин соат вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса иттилое пахш накардааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки феълан як гурӯҳи вижаи иборат аз ниҳодҳои қудратии кишвар деҳаи Стаханови ҷамоати Гулистонро ба ҳалқа гирифта, манзилҳоро мавриди тафтиш ва бозҷӯӣ қарор медиҳанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3096-2010-09-12-08-56-40.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.09.2010 19:58
Салом ба кормандони сомонаи рузгор.Аз сомонаи Шумо хело минатдоре.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ