16:22:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР ВА МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ"

Рӯзи 18 марти  соли 2021 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи  "Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. 

1.mizi-gird abdulla rahnama2021Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва зимнан иброз намуд, ки моҳияти асосии тафаккури давлатмеҳвар ин аст, ки бе доштани давлати устувор ҳеҷ тарҳи арзишӣ таҳаққуқ намеёбад ва ҳеҷ ҳуқуқу озодӣ ба сурати шоиста таъмин намегардад. Ин аст, ки ин назария давлатро ҳамчун ниҳоди танзимгар ва кафолатдиҳандаи  таъмини ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи ҳамаи тарҳу ормонҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Бинобар ин, арзёбии ин мавзӯъ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, хеле муҳим ва мубрам ба шумор меравад.               

Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзӯи "Дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон" ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Дидгоҳи давлатмеҳвар ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ" маърӯза карданд.  

2.mizi-gird abdulla rahnama2021

Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи "Ташаккули сиёсатшиносии амалӣ дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон",  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён дар мавзӯи "Масъалаҳои назариявии таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзӯи "Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ" ва инчунин, профессор Абдунабӣ Сатторзода суханронӣ намуданд. Баъдан, пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт. 

Мизи гирдро  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

3.mizi-gird abdulla rahnama2021

Дар охир рӯйнамоии китоби "Дидгоҳи давлатмеҳвар"-и корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур аз навиштаҳои фикрию таҳлилии муаллиф буда, яке аз муҳимтарин назарияҳои сиёсии ӯ–дидгоҳи давлатмеҳварро шарҳу баён мекунад. дидгоҳе, ки ҳадафи асосии он таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули андешаи давлатдорона ва устувории ваҳдати миллӣ мебошад. Китоб ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамчунин, маҷмӯи диду мавқеи ӯро дар як силсила масъалаҳои фикрӣ, миллӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Дар арзёбии арзиши он зикри ҳамин нукта кофист, ки як шахсияти илмию фарҳангӣ ва милливу сиёсии кишвар мавқеи возеҳу санҷидаи худро дар бораи маҷмӯи масоили меҳварии ҷомеа эълон медорад ва барои аҳли фарҳангу андеша ва сиёсати мо чунин як намунаи мусбати соҳиби мавқеъ буданро мегузорад. Бовар дорем, ки рисола китоби дӯстдоштаи ҳар тоҷики ватандӯсту баномус, хосса раҳравони роҳи илму маърифат ва сиёсат, хоҳад шуд.  

Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров зимни суханронӣ ба китоби нави Абдуллоҳи Раҳнамо баҳои баланд дода, ба ӯ ботантана ҷоизаи  "Беҳтарин сиёсатшиноси соли 2020"-ро супорид.

Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.    

Сомонаи "Рӯзгор"

4.mizi-gird abdulla rahnama2021

5.mizi-gird abdulla rahnama2021

6.mizi-gird abdulla rahnama2021

7.mizi-gird abdulla rahnama2021

8.mizi-gird abdulla rahnama2021

9.mizi-gird abdulla rahnama2021

10.mizi-gird abdulla rahnama2021

11.mizi-gird abdulla rahnama2021

12.mizi-gird abdulla rahnama2021

13.mizi-gird abdulla rahnama2021

14.mizi-gird abdulla rahnama2021

15.mizi-gird abdulla rahnama2021

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi