15:05:56 20-уми Июни 2025 сол

IRENA: Тоҷикистон аз лиҳози иқтидорҳои энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст

Тибқи гузориши солонаи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 10 соли ахир (2015-2024) иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (МВт) афзоиш ёфтааст.

4 iqtidori energiya 45459855Иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 МВт дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шудааст, ки ин, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.

Айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ