Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир мегардад
14-16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир мегардад, ки ҳадафи он муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Форум ба ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкорие, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ҳавасманданд, равона гардидааст.
Баргузории чунин форуми сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобили судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»