13:40:53 23-уми Августи 2025 сол

Мулоқот бо ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар

19 августи соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатарро, ки таҳти роҳбарии ёвари директори котиботи вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ ҷиҳати баррасии мавзӯи бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд, мулоқот намуд.

2 muloqot qatar 98564578541Ба ҳайати мазкур директорони департаментҳои Маркази хизматрасонии таълимӣ, эквивалентии шаҳодатномаҳои академӣ ва Маркази омӯзиш ва рушд, инчунин сардори шуъбаи назорат ва пайгирии Раёсати марказҳои хизматрасонии таълимӣ шомил мебошанд. Зимни мулоқот қайд гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар” аз 3 феврали соли 2019 мебошад. Дар доираи татбиқи он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар 8 июни соли 2023 ба имзо расида, ҳамкориҳо идома доранд.

Зикр шуд, ки дархости ҷониби Давлати Қатар оид ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон, ки барои татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба танзими муҳоҷират мусоидат менамояд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, ҷиҳати муайян ва ҷудо намудани қитъаи замин шаҳру ноҳияҳои дахлдор супориш гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон доир ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар карда, ба натиҷаҳои самарабахши мулоқот ва сафар ба Тоҷикистон умедворӣ намуданд. Дар доираи сафари мазкур боздиди ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ ва баррасии ҷузъиёти ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар аст.

mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ