14:37:14 02-уми Майи 2026 сол

Вохӯрӣ бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа роҳбари навтаъини Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Дениз Лютиро ба ҳузур пазируфт.

3 muloqot 659855447844Дар оғози мулоқот вазир аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Швейтсария, дар соҳаҳои энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об мубодилаи афкор намуданд.

Хонум Дениз Люти омодагии Швейтсарияро ҷиҳати идомаи дастгирии лоиҳаҳои мавҷуда ва рушди ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими иқтидори энергетикӣ ва обтаъминкунӣ равона шудаанд, баён дошт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор таъкид намуданд.

mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ