14:37:13 02-уми Майи 2026 сол

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Британияи Кабир мулоқот намуд

10 сентябри соли 2025 Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот намуд.

4 yusuf rhmon 541254541221Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи иттилооти фаврӣ байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории он зоҳир карда шуд.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мунтазам ва таҳкими муколамаи дуҷониба оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баён доштанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ