14:37:14 02-уми Майи 2026 сол

Машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия

15 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории ниҳоди сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

russia tajikistan 6598954445Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ табодули назари судманд анҷом доданд.

Ичунин масъалаҳои омодагӣ дар заминаи нишасти сарони давлатҳои ИДМ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе баргузор мешавад, мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Мусоҳибон ҳавасмандии тарафайнро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва СААД таъкид намуда, ҳамзамон омодагии худро ба ҳамкории созанда ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани чорабиниҳои пешбинишуда изҳор намуданд.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ