14:43:07 02-уми Майи 2026 сол

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии Трабзон мулоқот намуд

18 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо волии Трабзон Азиз Йилдирим мулоқот намуд.

4 muloqot 9865231245554Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар сатҳи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таваҷҷуҳи хоса ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду давлат зоҳир гардид.

Азиз Йилдирим омодагии хешро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳое, ки ба таҳкими равобити иқтисодӣ ва пешбурди муколамаи башардӯстона нигаронида шудаанд, изҳор намуда, таъкид кард, ки вилояти Трабзон ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва барои ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои муштарак омода мебошад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ