08:56:04 23-уми Январи 2026 сол

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни танзими ҷашну маросим

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.

3 qonuni jashnu marosim 98654545785454Ҷаласа Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки риояи меъёрҳои қонун барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сарфакорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Сипас, Бурҳониддин Қаландаров, намояндаи Кумита, муҳтавои қонун ва талаботи асосии он, аз ҷумла тартиби баргузории маросимҳо, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани қонунгузориро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ