“Ҷамъбасти 3-моҳаи 1-уми соли 2026 дар прокуратураи вилояти Хатлон”
Санаи 1-уми апрели соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон доир гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти прокуратураи вилоят, сардорони шуъбаву бахш, ёрдамчиёни калони прокурори вилоят, прокуророни шуъбаву бахши дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят, прокуророну шаҳру ноҳияҳо ва кормандони фаврии онҳо, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилоят иштирок доштанд.
Дар ҷаласа як масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
- Ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар 3 моҳаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Ҷаласаро прокурори вилояти Хатлон, генерал-майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад бо сухани муққадимавӣ кушода оиди ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят дар семоҳаи якуми соли равон суханронӣ намуданд.
Сипаса дар доираи мавзўъи баррасишаванда муовини якуми прокурори вилоят,мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳимзода Мирзолалӣ Исмат ва муовини прокурори вилоят мушовири адлияи дараҷаи 2 Сулаймонзода Салимҷон Соиб ва дигар сардорони шуъбаю бахшҳои прокуратураи вилоят баромад намудаанд.
Иброз дошта шуд, ки ки риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарўза амалӣ мебошад. Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 2198 муроҷиатҳо, аз ҷумла, шахсони воқеиӣ 2103 ва шахсони ҳуқуқӣ 95 муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 5,9% ё худ 131 муроҷиат зиёд мебошад.
Дар ин давом 198 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд.
Дар маҷмуъ, дар ин самт 32 (32) санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 324 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 78 амр, 3 эътироз ва 66 пешниҳод оварда, 102 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 68 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 871 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 18125 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуданд, ки 1085 адад ё 6,3% нисбати ҳамин дарваи соли гузашта зиёд мебошад.
Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 3388 амр, 2668 эътироз ва 1406 (1302) пешниҳод оварда шуда, 2374 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2698 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 5097 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.Бо натиҷаи санҷишҳо 492 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки аз ин 60 парвандаи ҷинояти коррупсионӣ ва 58 парвандаи ҷинояти дорои хусусияти иқтисодӣ - коррупсионӣ мебошад.
Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда, маблағи 186,6 млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 15,6 млн. сомон, ё 9,1% зиёд мебошад.
Вобаста ба қонунгузории буҷет 25 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 272 қонунвайронкуниҳо ошкор карда, дар натиҷа 47 амр, 12 эътироз ва 37 пешниҳод оварда шуда, нисбати 37 нафар истеҳсолотҳои интизомӣ, 97 моддӣ ва 24 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1,2 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 2 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 19 парвандаи ҷиноятӣ хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ дошта мебошанд.
Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 41 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 2100 қонунвайронкун, ошкор карда, дар натиҷа 420 амр, 11 эътироз ва 49 пешниҳод оварда шуда, нисбати 123 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1224 моддӣ, 294 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 39,8 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 15 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 2 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 6 парвандаи ҷиноятӣ дорои хусусияти иқтисодӣ - коррупсионӣ мебошад.
Дар самти қонунгузорӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, 26 (26) санҷиш гузаронида, 514 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда аз натиҷаи онҳо 57 амр ва 30 пешниҳод ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 59 эътироз оварда, 51 нафар ба ҷавобгарии интизом,10 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 299 парвандаи ҳуqуqвайронкунии маъмурӣ ва 2 парвандаи ҷиноят, оғоз карда шуд.
Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 81 санҷиш гузаронида, 2541 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 442 амр, 380 эътироз ва 202 пешниҳод бароварда шуда, 581 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 327нафар ба cавобгарии моддӣ ва 532 нафар ба cавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 82 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 9 парвандаи cиноят, коррупсион, ва 10 парвандаи cиноят, хусусияти иqтисод,-коррупсион, мебошад. Зарар ба маблағи 9,1 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Дар давраи таҳлил, аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 30 ҷиноят аз cониби 40 нафар ноболиғон содир шуда, ба қайд гирифта шудааст. Аз ноболиғони даст ба ҷиноят зада 15 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Сатҳи содиршавии ҷиноят дар ду моҳи соли 2026 зиёд гашта, 1304 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 258 ҷиноят ё 24,67% зиёд буда, 457 (410) ҷиноят ё 35%-и ин ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.
Кушодашавии ҷиноятҳо 84,15 фоизро ташкил дода, хариду фуруши одамон, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 100%, сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, штамп ва муҳр , муомилот, муомилот ва истифодаи ғайриqонунии воситаҳои нашъадор, қаллобӣ, қасдан вайрон кардани амвол, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дуздӣ ва худсарона иғол намудани қитъаи замин зиёд шудаанд, ки боз ҳам пурзўр кардани фаъолиятро дар самти пешгирии ин қабил ҷиноятҳо тақозо менамояд.
Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 148 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 118 тои онҳо парвандаҳои ҷиноят, оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 5,7 млн. сомониро ташкил намудааст, ки аз он 2,9 млн. сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 635,9 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат мебошад. Ҳамзамон 33 нафар ба ҷавобгарии маъмур, кашида шудааст.
Баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ дар ин самт доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва фаъолияти прокуратура ҳамагӣ 64 (58) ахборот дода шудааст.
Ғайр аз ин, дар байни аҳол, баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷор, 1728 маротиба бо баромаду суҳбатҳо ва тавассути васоити ахбори умум 395 , аз ҷумла дар матбуот 152, ба воситаи радио 131 ва тавассути телевизион 112 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурор, ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятидошта баромад кардаанд.
Бо натиҷаи баррасии масъулаи зикршуда, ҷалласаи ҳайати мушовара баҳри беҳтар шудани кор вобаста ба масъалаҳои муайянгашта қарорҳои дахлдор қабул кард.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокуроривилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1
















