14:57:04 14-уми Феврали 2026 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд

22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

3 ishtiroki janob 9855415254Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Раёсати босамари Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли равон таъкид гардид.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ