ИНФИҶОРҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Шаби чаҳоршанбеи 23 июн дар пойтахти Тоҷикистон ду ҳодисаи инфиҷори кучак рух додааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорат кишвари Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ин ҳодиса соъати 10-и шаби гузашта 23 июн дар минтақаҳои “Автовокзал” ва дар наздики мактаби мутавассити рақами 86-и маҳаллаи Зарафшон рух дод ва талафоти ҷониву хисороти молӣ ба дунбол надоштааст. Оқои Асадуллоев таъкид кард, ки билофосила пас аз вуқӯъи ҳодиса гурӯҳи вижаи пулис маҳалли инфиҷорро бозрасӣ кардаанд.
Ӯ гуфт, бар асоси натиҷагириҳои муқаддамотӣ инфиҷорҳои кучак дар асари бозии пиротехника ё маводди оташбозӣ будааст, ки танҳо садои баланд дошта, аммо хисороте дар пай надоштааст. Масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки инфиҷорҳо амали терруристӣ набуда ва мумкин аст, аз ҷониби ҷавонон барои бозӣ анҷом шуда бошад.
Ҳарчанд сокинони атрофи маҳаллаи инфиҷори кучак дар маҳаллаи Зарафшон мегӯянд, ки ба далели боронӣ будани ҳаво, садои инфиҷорро ба садои раъд иштибоҳ гирифтаанд, сокинони маҳаллаи "Автовокзал", маҳалли инфиҷори дигар натиҷаи оташбозӣ будани инфиҷорро баъид медонанд. Яке аз сокинони манзили нӯҳошёна мегӯяд: "Инфиҷор манзили моро ба ларза овард. Баъид медонам, ки пиротехника ё оташбозӣ метавонад деворҳои чунин асар дошта бошад."
Дар ҳамин ҳол манобеъи вазорати кишвар гуфтанд, дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки таҷлили расмӣ аз ин ҷашн бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27 июни соли дар Хоруғ баргузор мешавад, тадобири амниятӣ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон ташдид шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорат умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ба ин манзур шомгоҳ ва тӯли шаб дар хиёбонҳи пойтахти кишвар дар канори афроди пулис нерӯҳои вижаи интизомӣ низ навбатдорӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ танҳо минтақаи марзии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин таҳким шуда ва марзҳои давлатӣ бо мамолики дигар ба сурати маъмулӣ ҳифозат мешаванд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2540-2010-06-24-08-25-36.html