13:17:59 07-уми Июни 2025 сол

ДАСТГИР ШУДАНИ ЯК ҶИНОЯТКОРИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ХАТЛОН

Тибқи иттилои сардори шӯъбаи парвандаҳои коррупсионии Раёсати Агентии давлатии молиявии вилояти Хатлон  Ҳикматулло Исматов, аз тарафи кормандони раёсати мазкур сармеханики муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир С.Р бо ҷинояти сӯистифода аз мансаб ва азонихуднамудани  маблағи калони давлатӣ дастгир намуданд.

 

Зимни санҷиши молиявии фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир муайян карда шуд, ки номбурда дар давраи фаъолияти  кориаш  аз моҳи майи соли 2009 то 1- уми июни соли ҷорӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 122 ҳазору 795 сомониро, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва аз буҷети маҳаллӣ   барои таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қумсангир ҷудо карда шудааст  аз они худ намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

 

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, нисбати дастгиршуда аз тарафи Раёсати Агентии НДМ вилояти Хатлон аз рӯи аломатҳои моддаи 245 қ2 банди  «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) –и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот бурда мешавад.

 

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2647-2010-07-10-09-11-03.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854